Ссылки доступа

Дар шаҳри Бишкек охири сентябр ба сохтмони корхонаи коркарди партов шуруъ мекунанд


Охири моҳи сентябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба сохтмони корхонаи коркарди партов шуруъ мекунанд.

Дар ин бора шаҳрдори Бишкек Эмилбек Абдиқодиров дар ҳузури вакилони порлумони он кишвар хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, сохтмон давоми 1,5-2 сол ба итмом хоҳад расид.

"Пештар мақомот бо чанд ширкати байналхалқӣ созишнома бастанд, ки хоҳиши ҳалли ин масъаларо доштанд. Шаҳрдорӣ пешниҳодҳоро меомӯзад ва ба коркарди асосноксозии иқтисодиву техникӣ мепардозад", - гуфт Эмилбек Абдиқодиров.

Моҳи апрели соли ҷорӣ аз шаҳрдории Бишкек хабар дода буданд, ки ҷустуҷӯи сармоягузор барои сохтмони корхонаи коркарди партов идома дорад.

Дар соли 2015 Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои сохтани партовгоҳи нав дар наздикии шаҳри Бишкек маблағ ҷудо карда буд. Бо маблағҳои Бонки аврупоӣ мебоист, дар ҷойи партовгоҳи кунунии Бишкек корхонаи коркарди партов сохта мешуд. Аз 22 млн еврои ҷудокардаи бонк 10,5 млн аз худ карда, аммо уҳдадориҳо иҷро нашудаанд.

Додситонии кулли Қирғизистон дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда, Палатаи ҳисоби он кишвар тафтиш дорад, ки маблағҳо куҷо сарф шудаанд.

XS
SM
MD
LG