Ссылки доступа

Шӯрои ҳуқуқи инсон: Русия мухолифони ҷанги Украинаро таъқиб мекунад


Мақомоти Русия мухолифони ҷанг дар Украинаро таъқиб мекунанд ва барои маҳдуд кардани озодии баён ва ҷамъомадҳо чора меандешанд.

Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаҳои Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Нада Ал-Нашиф рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи инсон дар Женева хабар дод.

"Дар Русия таъқиб, чораҳои маҳдудкунанда ва таъқиби онҳое, ки ба ҷанг дар Украина мухолифат мекунанд, нақзи озодиҳои бунёдии конститутсионӣ, аз ҷумла ҳуқуқи озодии баён, ҷамъомадҳо ва иттиҳодияҳо мушоҳида мешавад", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Русия бо фишор ба хабарнигорон, ҷорӣ кардани сензура ва масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳо ҳуқуқи дастрасии озод ба иттилоотро ҳам поймол мекунанд.

Пештар як қатор созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз Шӯрои ҳуқуқи инсон даъват карданд, ки бо қабули қатъномае барои таҳқиқ нақзи ҳуқуқи инсон дар Русия ниҳоди мустақил таъсис диҳад.

XS
SM
MD
LG