Ссылки доступа

Коршикании кормандони "Ёрии таъҷилӣ" дар як қатор ноҳияҳои Қазоқистон


Кормандони "Ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Актау, маркази маъмурии вилояти Мангистауи Қазоқистон ва дар ноҳияҳои ин вилоят корпартоӣ мекунанд.

Дар ин корпартоӣ, ки охири ҳафтаи гузашта оғоз ёфт, кормандони "Ёрии таъҷилӣ"-и ноҳияҳои Жанаозен, Мунайлинский, Бейнеуский ва Тупкараганск иштирок доранд.

Эътирозгарон афзоиши маош ва таъмини пардохтҳои иҷтимоиро бо зикри он дар қарордоди корӣ талаб мекунанд.

Корпартоӣ дар Жанаозен 10 сентябр шуруъ шудааст. Яке аз эътирозгарон Мурод Белбоев гуфт, "дар ҳоли ҳозир як мошини "Ёрии таъҷилӣ" кор мекунад ва он ҳам танҳо барои беморони вазнин".

Кормандони "Ёрии таъҷилӣ" дар Актау ҳам талаби ҳамсон доранд.

Сардори Раёсати тандурустии Мангистау Амонбек Жумиров мегӯяд, тартиби афзоиши маошро ба коршиканон фаҳмондааст, вале "онҳо намефаҳманд".

XS
SM
MD
LG