Ссылки доступа

Кишоварзони Узбекистон метавонанд заминро аз давлат то 30 сол ба иҷора гиранд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармон "Дар бораи чораҳои иловагӣ барои афзоиши даромади сокинон аз тариқи таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ"-ро ба имзо расонд.

Ин фармон ба шаҳрвандони Узбекистон имкон медиҳад, ки заминҳоро аз давлат ба муҳлати то 30 сол ба иҷора гиранд.

Дар фармон сухан аз минтақаҳое меравад, ки бо об таъминанд, дар наздикии маҳаллаҳои аҳолинишин ҷойгиранд, аз пахтаву гандум холӣ ва аз ҷониби хоҷагиҳо истифода мешаванд. То охири имсол ба таври иловагӣ 20 ҳазор ҳектар ба деҳқонон ба муҳлати 30 сол ва ба иҷора дода мешавад. Қарор аст, дар соли 2023 95 ҳазору 169 ҳектар замин ба иҷора дода шавад.

Сокиноне, ки шомили рӯйхати "Дафтари оҳанин", "Дафтари бонувон" ва "Дафтари ҷавонон" ҳастанд, метавонанд заминҳоро аз тариқи озмун соҳиб шаванд. Ин гуруҳи узбекистониҳо аз имтиёзе, ки қаблан бархӯрдор буданд, баъди гирифтани замин маҳрум нахоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG