Ссылки доступа

Ду афсари горди миллии Қирғизистон ба таҷовузи духтаре айбдор мешаванд


Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод, ки ду низомии Горди миллии ин кишвар дар таҷовуз ба номус гумонбар мешаванд.

Ба иттилои додситонӣ, як духтар 5 сентябр ба ин ниҳод шикоят кардааст, ки ду мард шаби 4 ба 5 сентябр тахминан соати 04:30 дар дохили мошин ӯро таҷовуз карданд.

Дар робита ба ин ҳодиса ду афсари Горди миллии Қирғизистон боздошт шудааст. Қарор аст, Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 12 сентябр масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани онҳоро баррасӣ намояд.

Ба иттилои Вазорати умури дохилии Қирғизистон, соли 2021 дар он кишвар 604 ҳолати таҷовуз ба номус ба қайд гирифта шудааст ва 53 дарсади ин парвандаҳо ба далели набудани таркиби ҷиноят қатъ шудаанд.

XS
SM
MD
LG