Ссылки доступа

Коргардони тоҷик дар ҷашнвораи филмҳои мусалмонӣ дар Қазон ҷоиза гирифт


Умедшо Мирзоширинов

Коргардони тоҷик, Умедшо Мирзоширинов, ки дар ҷашнвораи 18-уми байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазон барандаи ҷоизаи аввал дар бахши “Филмҳои кӯтоҳметра” шуд, дар суҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфт, аз муваффақияти филми сохташуда дар Тоҷикистон бисёр хушнуд аст.

Умедшо Мирзоширинов яке аз коргардонҳои пуркори синамои тоҷик, ки пештар исмаш бо филмҳои “Мушкилкушо” ва “Муҷассамаи ишқ” маъруф шудааст, мегӯяд, филми 26-дақиқагии ӯ бар асоси асари “Додараки фариштаҳо”-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ бардошта шудааст. Ин асар бештар як моҷарои психологии ҷаҳони тахайюлии як кӯдакро бозгӯ мекунад, ки дар фикри дарки дурусти зиндагӣ, қазовати ҳарфу рафтори волидон ва бунёди хишти зиндагӣ аз рӯи дидгоҳи як инсони панҷсола амал мекунад. Умедшо мегӯяд, талош кардааст, мӯҳтавои асосии асари нависандаи марҳумро ҳифз кунад, вале чун эҷодкор тахминан “панҷоҳ дарсади филмро” аз диди худ наву дигар кардааст. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи қаноатмандии эҷодкоронаи худ аз ҷоизаву филм ӯ гуфт: “Чаро хурсанд набошам? Бояд Тоҷикистон ҳам хурсанд бошад, ман ҳам хурсандам. Аз 12 давлате, ки дар бахши филмҳои кӯтоҳи бадеии озмун иштирок карданд, фақат як ҷоиза буд ва мо онро гирифтем. Дар бахши филмҳои баланд чор-панҷ ҷоиза барои филму коргардону ҳунарпешаҳову дигарҳо буд, дар бахши филмҳои кӯтоҳи бадеӣ як ҷоиза буд”.

Умедшо Мирзоширинов мегӯяд, талош кард, ба ҳайси эҷодкор ҳам ба ҳадаф бирасад ва паёми асосии муаллифи сужаи филм- Сайф Раҳимзоди Афардиро ҳам дуруст бирасонад. “Медонед, мо филми 26-дақиқаинаро 22 бор танзим кардем. Чаро? То ки мо ба ҳадаф бирасему паёми нависандаро дуруст бозгӯ бикунем. Онҳое, ки асарҳои Афардиро хондаанд, медонанд, ки ӯ қолаб, фалсафа ва равияи худро дорад. Тифле, ки тоза дар зиндагӣ қадам мегузорад, бо дунёи волидонаш рӯбарӯ мешавад. Ин бачаи панҷунимсола мешунавад, ки чизе нодуруст ва нофаҳмо аст, ӯ ноҷӯриро дар гапу ҳарфи волидон мебинад. Хоҳарҳое, ки баъди ӯ таваллуд мешуданд, ҳама мемурданд ва ӯ мешунавад, ки бар асоси ривояте мегӯянд, “пои ӯро сӯзондан лозим, ки дигар кӯдакон намуранд”. Ӯ қарор мекунад, ки ҳамин вазъиятро ислоҳ кунад ва пояшро сӯзонад, дар ҳоле, ки аз оташ метарсад. Ин як қиссаи психологӣ аст”,--мегӯяд Мирзоширинов.

Нахустнамоиши “Додараки фариштаҳо” дар Тоҷикистон моҳи январи имсол бо ташаббуси ширкати “Тоҷикфилм” барпо шуд. Зимнан, ин филм дар ҳамин ҷо ба навор гирифта шудааст. Он замон Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таъкид карда буд, ки филм “дар сатҳи баланд ва бо касбияти том таҳия гардида, заҳмати аҳли гурӯҳи эҷодӣ барабас нарафтааст. Ибораҳои “Онҳо фаришта ҳастанд...” ва ё “Оча дигар ба ман фаришта назой...” басо ҳассосу муассир барои тамошобин маънидод мегарданд”.

Ширкати синамогарони тоҷик дар ҷашнвораи филмҳои мусалмонии шаҳри Қазон собиқа дорад. Соли 2015 “Муаллим” - филми таҳиягари тоҷик Носир Саидов аз ҷашнвораи байнулмилалии “Минбари тиллоӣ” дар шаҳри Қазони Русия бо ҷоизаи “Беҳтарин филмнома” баргашт. Ҳамон соли 2015 филми “Гости” ё "Меҳмонон"-и коргардони рус Алексей Суховей, ки дар бораи таъсири муҳоҷират дар зеҳни тоҷикон баҳс мекунад, дар ин озмун иштирок ва сарусадои зиёд ба по кард. Филми дигари коргардони рус “Фирор аз Маскавобод”-и Даря Полторатская ҳам яке дигар аз ширкатдорони ин ҷашнвора дар солҳои гузашта будааст.

XS
SM
MD
LG