Ссылки доступа

Нисбати вазири энержии Қирғизистон якбора ду парванда боз карданд


Нисбати Доскул Бекмурзоев, вазири энержии Қирғизистон ду парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Аз Додситонии кулли Қирғизистон гуфтанд, вазири энержӣ касонеро ба сафари хидматӣ ирсол кардааст, ки умуман дар вазорати энежӣ кор намекунанд. Ба ин тартиб, вазир ба давлат зарари ҷиддӣ расонидааст.

Ба илова, Бекмурзоев ба ширкати "Б" ҳангоми сохтмони маҷмаи "Калидҳои гарм" 15 млн сом зарар расонидааст.

Бекмурзоев 8 июни соли 2021 вазири энержии Қирғизистон таъйин шуд. То он замон вай муовини вазир буд.

XS
SM
MD
LG