Ссылки доступа

Муроҷиати Тоқаев ба Шӯрои Конститутсионӣ баъди ташаббуси тағйирот ба Қонуни асосии Қазоқистон


Шӯрои Конститутсионии Қазоқистон шоми 12 сентябр хабар дод, ки муроҷиати президент Қосимҷомарт Тоқаевро ба истеҳсолот гирифтааст.

Муроҷиати президент дар ҷаласаи Шӯрои конститутсионӣ баррасӣ ва натиҷааш дар матбуот нашр мешавад.

Тоқаев 1 сентябри соли ҷорӣ дар муроҷиаташ ба сокинони Қазоқистон гуфт, тирамоҳи соли ҷорӣ интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ ва баҳори соли оянда интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ баргузор мешавад. Вай пешниҳод кард, ки муҳлати президентӣ бо як давраи 7-сола маҳдуд карда шавад.

Дар сурати қабули пешниҳоди президент дар бораи муҳлати 7-солаи президентӣ ин дувумин тағйирот ба Конститутсияи он кишвар дар соли ҷорӣ хоҳад буд. Ибитдои тобистони соли ҷорӣ тарақи раъйпурсӣ ба Конститутсияи он кишвар 33 тағйирот ворид карданд. Ин дар ҳолест, ки моҳи январи соли ҷорӣ Тоқаев гуфта буд, Конститутсияро тағйир нахоҳад дод.

XS
SM
MD
LG