Ссылки доступа

Филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар Қазоқистон ҷоиза гирифт


Филми сохтаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик дар Ҷашнвораи байнулмилалии филмҳои кӯтоҳ дар Қазоқистон ҷоиза гирифт. Мустанади "Аз ҳад калон"-и Ғурбатиро беҳтарин мустанад эълон карданд.

"Ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳи Байконур" рӯзи 11-уми сентябр ба анҷом расид. Филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар баробари 17 филм ба ин ҷашнвора роҳ ёфта буд.

Филми "Аз ҳад калон" дар бораи саргузашти навраси 13-солае нақл мекунад, ки ба хотири надоштани шароит наметавонад дар мактаб хонад ва ба ҷойи он маҷбур аст аробашакӣ кунад. Абдураҳмон, қаҳрамони филми Абдуллоҳ Ғурбатӣ мехоҳад мисли дигар ҳамсолонаш таҳсил кунад, аммо зиндагии сахт ин имконро аз ӯ гирифтааст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ моҳи июни имсол ба итттиҳоми ҳамла ба корманди пулис ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ дастгир шуд ва феълан дар боздоштгоҳ аст. Худашу наздиконаш ин иттиҳомро сохта медонанд.

XS
SM
MD
LG