Ссылки доступа

КДАМ Қирғизистон хабар дод, дар доираи парвандаи як тоҷир бештар аз 800 млн сом ба буҷа ворид шудааст


Дар доираи парвандаи ҷиноӣ нисбати яке аз моликони маркази истироҳат, ки ба хариду фурӯши ғайриқонунии аслиҳа айбдор мешавад, ба буҷаи Қирғизистон 800 млн сом ворид шудааст. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, "ташхис содиршавии ҷиноятро тасдиқ кард".

"Тафтиши парванда ба анҷом ва ба додгоҳ ирсол шуд. 12 сентябр додгоҳ шаҳрванд "Ж.А."-ро дар ҳаҷми 100 ҳазор сом ҷарима баст ва озод кард", - хабар дод КДАМ,

Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад, 800 млн соми аз тоҷир ҳангоми боздошт мусодирашуда ба буҷаи давлатии Қирғизистон интиқол дода шудааст. Тоҷир ҳангоми тафтишот натавонистааст, манбаи даромади ин маблағро исбот кунад.

Тоҷир Журат Абдуллоев яке аз моликони ширкати "Умут ва Ко" аст, ки маркази истироҳати "Ҳавайӣ"-ро дар ихтиёр дорад. Ин тоҷир 19 август боздошт шуд. Аз вай мошини зиреҳпӯш ва аслиҳаи зиёде мусодира карданд. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, вай ин аслиҳаро ҷамъоварӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳдорӣ мекард.

XS
SM
MD
LG