Ссылки доступа

Дар кони тилои Қирғизистон ба маблағи 1 млрд сом дуздӣ ошкор шудааст


Додситонии кулли Қирғизистон дар пайи санҷиши фаъолияти ширкати "Қумтор Голд Компанӣ", ки кони тилои "Қумтор"-ро дар ихтиёр дорад, се парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба иттилои додситонӣ, ин ширкат ба давлати Қирғизистон ҳудуди 1 миллиард сом зарар расонидааст.

"Бино ба ҳисобҳои пешакӣ, масъулони ширкат дар асоси як нақшаи фасодкорӣ ба давлат ба маблағи тақрибан 1 миллиард сом зарар расондаанд", - омадааст дар хабари додситонӣ.

Ширкати канадагии Centerra Gold Inc. тавассути ширкати фаръии "Қумтор Голд Компани" ба коркарди кони тилои Қумтори Қирғизистон машғул буд. Дар ин кон солона то 15-17 тона тило истихроҷ мешуд. Қирғизистон дар кон 26 дарсад саҳм дошт.

Моҳи майи соли 2021 ҳукумати Қирғизистон идораи конро ба ихтиёр гирифт.

XS
SM
MD
LG