Ссылки доступа

Шӯрои конститутсионии Қазоқистон тағйирот ба Қонуни асосиро тасдиқ кард


Шӯрои конститутсионии Қазоқистон пешниҳоди тағйироти нав ба Конститутсияи он кишварро қонунӣ донист.

Муроҷиати президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро дар бораи тағйирот Шӯрои конститутсионӣ дар ҳайати раиси Шӯро Кайрат Мамӣ, аъзои Шӯро Асхат Даулбоев, Виктор Малиновский, Раҳмат Мукашев, Алибек Темербеков ва Унзила Шапак баррасӣ карданд.

Ба ин тартиб, Шӯро хулосаи мусбат додааст, ки пешниҳод дар бораи "як давраи ҳафтсола таъйин кардани муҳлати президентӣ" ва "тағйири номи пойтахти Қазоқистон" қобили қабул ҳастанд.

Баъди он ки Тоқаев ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии он кишварро пешниҳод кард, вакилони порлумон пешниҳоди баргардонидани номи пешини пойтахти Қазоқистонро карданд. То замоне, ки пойтахти Қазоқистон Нурсултон ном гирад, Остона ном дошт. Акнун, тариқи раъйпурсӣ пойтахти он кишвар дубора номи Остонаро хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG