Ссылки доступа

ВКХ Қазоқистон: ирсоли посдорони сулҳ ба Арманистон баррасӣ намешавад


Мухтор Тлеубердӣ, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, масъалаи ирсоли сарбозони посдори сулҳи қазоқистонӣ дар доираи маъмурияти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба Арманистон ҳоло баррасӣ намешавад.

Вай илова кард, ки марзи байни Озарбойҷон ва Арманистон муайян ва аломатгузорӣ нашудааст ва "дар бораи марзшиканӣ суҳбат кардан сахт аст".

Рӯзи сешанбе Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД пешниҳоди ирсоли ҳайатеро ба марзи Арманистону Озарбойҷон кард.

Баъди ташаннуҷ гирифтани вазъ дар марзи Арманистону бо Озарбойҷон, Ереван ҷаласаи Шӯрои СПАД-ро даъват кард. Ду давлат ҳамдигарро дар сар задани низоъ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG