Ссылки доступа

Дар Узбекистон маркази истеҳсоли ваксина бунёд мешавад


Нахустин Маркази навоварии истеҳсоли ваксина дар Осиёи Марказӣ дар вилояти Тошканди Узбекистон боз мешавад.

Ба иттилои Вазорати навовариҳои Узбекистон, намояндагони ин ниҳод 13 сентябр дар чаҳорчӯби нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шангхай дар шаҳри Самарқанд бо масъулони ширкати "Luye Investment Group Co., Ltd" мулоқот кардаанд.

Ҷонибҳо дар мулоқот дар бораи бунёди марказ, ки харҷи умумии лоиҳа 100 миллион долларро ташкил медиҳад, санадеро ба имзо расондаанд.

XS
SM
MD
LG