Ссылки доступа

Туркия бо дархости Ишқобод барои туркманистониҳо виза ҷорӣ кард


Туркия бо дархости Ишқобод низоми бидуни раводид ё визаро барои шаҳрвандони Туркманистон бекор кард.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон 13 сентябр дар ин бора фармонеро имзо кардааст.

Вазорати умури хориҷии Туркманистон ибтидои моҳи сентябр хабар дод, ки аз Анқара хостааст, низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони кишварашро "муваққатан" бекор кунад.

Вазорат далели дархости худро "такмили низоми танзими будубоши шаҳрвандони Туркманистон дар Туркия" номидааст.

Бештари туркманистониҳои муқими Туркия ин иқдомро кушиши назорати будубоши ҳомиёни ҳуқуқи башари туркман дар он кишвар номиданд.

XS
SM
MD
LG