Ссылки доступа

Дар Самарқанд созишномаи сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" ба имзо расид


Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ дар доираи тарҳи сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" ба имзо расид.

Дар ин бора аз дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар доданд.

Дар созишнома омадааст, ки кишварҳо дар якҷоягӣ ба такмили асосноксозии техникиву иқтисодии тарҳ мусоидат мекунанд.

Асоснокии техникиву иқтисодии тарҳи мазкурро Ниҳоди нахустини тарроҳиву баррасии ширкати роҳҳои оҳани Чин анҷом медиҳад ва ҷонибҳо дар рафти таҳияи асосноксозӣ кӯмак мерасонанд. Муҳлати анҷоми асосноксозӣ на дертар аз 1 июни соли 2023 таъйин шудааст.

Президенти Чин Си Ҷинпин дар дидор бо ҳамтои қирғизистониаш Содир Ҷабборов рӯзи 15 сентябр дар Самарқанди Узбекистон гуфт, ки ҷонибдори сохтмони роҳи оҳани мазкур ҳаст.

Ҷабборов аз Си Ҷинпин даъват кард, ки ба Қирғизистон сафар кунад. Си Ҷинпин ин даъватро пазируфтааст.

Ташаббуси сохтмони роҳи оҳан байни Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳанӯз соли 2000 садо дода буд, аммо то кунун ин тарҳ амалӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG