Ссылки доступа

Марги як коргар ва ҷароҳати се тани дигар корхонаи "Казфосфат" дар Қазоқистон


Дар корхонаи ширкати "Казфосфат" дар шаҳри Жанатаси Қазоқистон як коргар фавтида, се тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Барои таҳқиқи ин ҳодиса комисияи вижае таъсис шудааст.

Пизишк Жанар Ахатова мегӯяд, коргарон зери девор мондаанд. Ҷасади коргари фавтида 13 сентбяр пайдо шудааст.

"Танҳо дар шаш ҳафтаи охир дар корхона ҳадди ақал ҳашт кас ҷароҳат бардошта, се кас фавтидааст. Коргарон аз тарси аз даст додани кор дар ин бора суҳбат намекунанд", - гуфт Жанар Ахатова.

Рӯзи 1 июл пулис аз марги ду коргари корхонаи мазкур хабар дода буд.

Пештар аз он, дар моҳи июн як коргари 34-солаи ин корхона фавтид. Ибидои моҳи июл коргари 42-сола аз баландӣ афтода, фавтидааст. Роҳбарияти корхона ин ҳодисаҳоро шарҳ намедиҳад.

XS
SM
MD
LG