Ссылки доступа

Марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон неруҳои иловагиро аз марз дур бурданд


Шаби гузашта Хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон неруҳои иловагии худро аз наздикии марз дур бурданд. Дар ин бора аз маркази матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар доданд.

Субҳи рӯзи 15 сентябр вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ором баҳо дода мешавад.

Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи 14-уми сентябр ду марзбони тоҷик кушта ва 11 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли манобеи худ дар ҷамоати Ворух дар Исфара навиштааст, дар миёни маҷруҳон 6 марзбон ва 5 сокини маҳаллаҳои наздимарзӣ ҳастанд. Ба қавли хабаргузорӣ, яке аз марзбонон, ки субҳи 14-уми сентябр дар натиҷаи тирандозии сарҳадбонони қирғиз маҷруҳ шуд, бинобар хунравии зиёд ҷон додааст. Мақомоти расмии Қирғизистон мегӯянд, ки аз тири марзбонони тоҷик чаҳор нафар, аз ҷумла ду сарҳадбон ва ду ғайринизомӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Як мусоҳиби Радиои Озодӣ аз маҳаллаи Ворух ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи зарбаи дрон ва ё ҳавопаймои бесарнишини неруҳои Қирғизистон, аз ҷумла чаҳор нафар дар деҳаи Хелисони ҷамоати Чоркуҳи Исфара захмӣ шудаанд.

Муноқиша субҳи 14-уми сентябр дар назди дидбонгоҳи сарҳадии Кехи ноҳияи Исфара шуруъ шуд ва ба дигар гӯшаҳои марз гузашт. Неруҳои марзбонии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ сарҳадбонони қирғизро муттаҳам кард, ки субҳи барвақт “бе ягон сабаб аз минамёт” ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии Кех гулула партоб кардаанд ва марзбонони тоҷик маҷбур шуданд, оташи ҷавобӣ кушоянд. Дар баёния омадааст, ки “Ғайр аз ин аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуд.”

Мақомоти марзбонии Қирғизистон баръакс сарҳадбонони Тоҷикистонро сабаби сар задани моҷарову тирандозӣ хонда ва гуфтаанд, “дар маҳаллаи Булоқбошӣ дар ноҳияи Ботканд сарҳадбонони тоҷик дар маҳаллаи ташхисношудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд ва талаби сарҳадбонони қирғиз барои тарки ин маҳалро ба инобат нагирифта, оташ кушоданд.” Идораи марзбонии Қирғизистон гуфт, ки дар ин даргирӣ касе аз онҳо осеб надид.

Баъд аз чанд соати ин муноқиша, сокинони ҷамоати Чоркуҳ, маҳалли дигари ҳаммарз бо Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди соати 14 аз чаҳор тараф садои тирандозӣ шунида шуд. Неруҳои марзбонии Қирғизистон гуфтааст, дар тули рӯз миёни марзбонони тоҷику қирғиз се дафъа тирандозӣ сар зад. Мақомоти қирғиз, сарҳадбонони тоҷикро ба ҳамла ба дидбонгоҳҳои "Самарқандак" ва "Достук" муттаҳам карданд ва аз маҷруҳ шудани ду ғайринизомӣ хабар доданд.

Тақрибан нисфе аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин сабаб байни сокинони ду тарафи марз барои обу замину чарогоҳ муноқиша сар мезанад. ​

XS
SM
MD
LG