Ссылки доступа

Раҳбарони Узбекистону Қирғизистон хостанд, сохтмони неругоҳи "Қамбарота-1" ҳарчи зудтар оғоз шавад


Раҳбарони Узбекистон ва Қирғизистон - Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов дар ҷараёни гуфтугӯҳо дар шаҳри Самарқанд ба созиш расиданд, ки бунёди неругоҳи "Қамбарота-1" ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон бояд ҳарчи зудтар оғоз карда шавад.

Мирзиёев рушди муносибатҳои Узбекистон ва Қирғизистонро мусбат номидааст. Дар мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба аҳамияти ҳарчи зудтар оғоз шудани сохтмони неругоҳи "Қамбарота-1" ва роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон зоҳир шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба масъалаҳои мубрами сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор кардаанд.

Тошканду Бишкек қаблан созишнома дар бораи омодасозии муштараки тарҳи сармоягузории “Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Қамбарота-1" дар Қирғизистон” ва санад дар бораи интиқоли нерӯи барқро имзо карда буданд.

XS
SM
MD
LG