Ссылки доступа

Сӯхтор дар Костанай: мудири хоҷагии ҷангал ҳабс шуд


Додситонии вилояти Костанайи Қазоқистон 13 сентябр зидди раҳбарияти Хоҷагии ҷангали Басаман, ки аввали моҳи сентябр дар ҳудуди он оташсӯзии бузург рух дода буд, парванда боз кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Аулиекули Костанай низ барои ҳабси мудири хоҷагии ҷангал Асхат Жакашев иҷозат додааст. Ба иттилои нашрияи "TobolInfo", ӯро рӯзи 15 сентябр ба ҳабс гирифтанд.

"Ин қазия ба сӯхтори калон дар ноҳияи Аулиекул рабт дорад, ки дар хоҷагии ҷангали Басаман оғоз шуда, баъдан ба хоҷагии ҷангали Семиозерний паҳн шудааст. Дар натиҷа беш аз 43 ҳазор гектар сӯхта, 91 хона зарар дидааст”, - омадааст дар иттилоияи додситонии маҳаллӣ.

Додситонӣ бо бандҳои "Муносибати беэҳтиётона ба сӯхтор, ки боиси оқибатҳои вазнин гардида, хисороти махсусан калон расонида шудааст", "Маҳв кардани ҷангалҳо" ва "Нақзи талаботи бехатарии сӯхтор, ки боиси марги ду нафар гардид" парванда боз намудааст.

XS
SM
MD
LG