Ссылки доступа

Мудири пешини "Қумтор Голд Компанӣ" ба ҳабс гирифта шуд


Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкеки Қирғизистон Тенгиз Болтурук, собиқ мудири берунаи ширкати "Қумтор Голд Компанӣ"-ро, ки кони тилои "Қумтор"-ро дар ихтиёр дорад, ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Ба гуфтаи вакили дифои ӯ Кайсин Абакиров, шахси зери ҳимояаш то 10 ноябри имсол дар ҳабс мемонад.

Тенгиз Болтурук ва Риспек Токтогулов, мудири молияи "Кумтор Голд Компанӣ" 23 августи имсол аз мақомҳояшон барканор шуданд. Тибқи иттилои Девони вазирони Қирғизистон, Палатаи ҳисоби ин кишвар дар пайи як санҷиш дар ширкат қонуншиканиҳои молиявиро ошкор кардааст.

Қаблан Додситонии кулли Қирғизистон хабар дода буд, ки масъулони ширкат дар асоси як нақшаи фасодкорӣ ба давлат ба маблағи тақрибан 1 миллиард сом зарар расондаанд."

Ширкати канадагии Centerra Gold Inc. тавассути ширкати фаръии "Қумтор Голд Компани" ба коркарди кони тилои Қумтори Қирғизистон машғул буд. Дар ин кон солона то 15-17 тона тило истихроҷ мешуд. Қирғизистон дар кон 26 дарсад саҳм дошт. Моҳи майи соли 2021 ҳукумати Қирғизистон идораи конро ба ихтиёр гирифт.

XS
SM
MD
LG