Ссылки доступа

Заҳролудшавии кӯдакон дар як боғчаи вилояти Фарғонаи Узбекистон


Шоми 14 сентябр 8 кӯдакро аз боғчаи №39 дар вилояти Фарғонаи Узбекистон бистарӣ карданд.

Додситонии вилояти Фарғона хабар дод, ки вазъи кӯдакон қаноатбахш аст.

Рӯзи 15 сентябр шуморо кӯдакони бистарӣ дар беморхона ба 20 тан расид.

"Аз рӯи ин ҳодиса дар айни замон додситони ноҳияи Алтиариқи Фарғона тафтишро шуруъ карда, барои ташхис намуна гирифта ва ташхиси тиббиву судӣ таъйин шудааст", - хабар медиҳад додситонии вилояти Фарғона.

XS
SM
MD
LG