Ссылки доступа

Қазоқистон содироти ангиштро тавассути мошинҳои боркаш манъ мекунад


Вазорати саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон хабар дод, ки ин кишвар содироти ангиштро тавассути мошинҳои боркаш муваққатан манъ мекунад.

"Ангиштҳои барои сокинон ҷудошударо аз минтақаҳои марзӣ ба кишварҳои ҳамсоя содир мекардаанд ва бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки содироти ангишт тавассути мошинҳои боркаш муваққатан манъ карда шавад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Қазоқистон пештар эълон карда буд, ки то ҳадди имкон Русияро дар содироти ангишт иваз кунад. Иттиҳоди Аврупо ангишти Русияро дар пайи ҷанги Украина таҳрим кардааст.

Бино ба маълумоти "Eurostat", Қазоқистон дар моҳҳои январ-майи имсол ба Иттиҳоди Аврупо 1,5 миллион тонна ангишт интиқол додааст, ки назар ба тамоми соли 2021 ду баробар бештар аст.

XS
SM
MD
LG