Ссылки доступа

Номи 59 қурбонии низои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Акси баъзе аз қурбониёни даргириҳои марзӣ
Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти расмӣ номи 59 нафареро гирд овард, ки ҳангоми даргириҳои мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон кушта шудаанд. Ин рӯйхат ғайрирасмӣ аст ва ниҳоӣ нест. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани 41 нафар гузориш дода, вале рӯйхати пурраи қурбониёнро надоданд.
  1. Шӯҳрат Наҷмиддинзода, зодаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, соли 1989 ба дунё омадааст. Сокини кӯчаи Обшорон. Оиладор, соҳиби як фарзанд. Корманди Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Ворух. (Манбаъ: Мақомоти вилояти Хатлон)
    Шӯҳрат Наҷмиддинзода
    Шӯҳрат Наҷмиддинзода
  2. Сафаралӣ Ҳасани 23-сола аз ноҳияи Восеъ, рӯзи 14-уми сентябр, ҳангоми даргирӣ дар сарҳад кушта шуд. (Манбаъ: Радиои Озодӣ)
    Сафаралии Ҳасан
    Сафаралии Ҳасан
  3. Нусратулло Фатҳулло, 25-сола, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кушониён. Падари ду фарзанд ва ҳамсараш интизори тифли саввум. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)
    Нусратуллои Фатҳулло
    Нусратуллои Фатҳулло
  4. Олимназар Холиқназаров, зодаи Бадахшон, падари як фарзанд. Подполковник. Модараш Гулдаста Орумбекова аз наздикони вазири собиқи фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода. (Манбаъ: Фейсбук ва манобеи ҳукуматӣ)
    Олимназар Холиқназаров
    Олимназар Холиқназаров
  5. Хирадманд Усмонзода, аз ноҳияи Айнӣ, деҳаи Вашан. 28 сол дошт, як фарзанд дорад. (Манбаъ: Фейсбук)
    Хирадманд Усмонзода
    Хирадманд Усмонзода
  6. Майор Ғолиб Абдунабиев, афсари Кумитаи амнияти миллӣ. Сокини деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералӣ, шаҳри Панҷакент. (Манбаъ: Фейсбук ва дӯстонаш)
    Ғолиб Абдунабиев
    Ғолиб Абдунабиев
  7. Шӯҳрат Тағоймуродов, 24-сола. Сокини деҳаи Сотсиализми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Бояд баъди адои хидмат моҳи октябр ба хона бармегашт. (Манбаъ: Инстаграм)
  8. Назрулло Олимов, 20-сола, ноҳияи Вахши вилояти Хатлон. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
    Назрулло Олимов
    Назрулло Олимов
  9. Салоҳиддин Муъминов, 22-сола аз ноҳияи Вахш. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ, Фейсбук)
    Салоҳиддин Муъминов
    Салоҳиддин Муъминов
  10. Шӯҳрат Абдулҳаев, сокини Хатлон. (Манбаъ мақомоти расмӣ)
    Шӯҳрат Абдулҳаев
    Шӯҳрат Абдулҳаев
  11. Саидмуъмин Абдуллоев, зодаи деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, ронандаи фармондеҳи Гвардияи миллӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шудааст. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)
  12. Ҳодибой Султонов, лейтенанти калони милитсия, корманди Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ҳангоми даргириҳо дар рӯзи 16-уми сентябри соли 2022 ҳалок шуд. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  13. Фирдавс Худойбердиев 20-сола, зодаи шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон дар задухӯрдҳои сарҳадӣ ҳалок шуд. Соли 2020 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста, орзуи дар оянда низомӣ шуданро доштааст. (Манбаъ: Фейсбук ва мақомоти расмӣ)
  14. Раҳматшоҳи Шамсизод, 22-сола, аз деҳаи Меҳробод (Қурбоншаҳид)-и ноҳияи Восеъ
    Раҳматшоҳи Шамсизод
    Раҳматшоҳи Шамсизод
  15. Саврон Худойбердиев, хатмкардаи Донишкадаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ. Дар хати сарҳад дар ҷараёни даргириҳо бо марзбонони Қирғизистон кушта шудааст. (Манбаъ: Фейсбук)
  16. Содирбек Неъматзода, 25-сола, сокини деҳаи Истошони ҷамоати Лангари ноҳияи Мастчоҳ. 17-уми сентябр дар зодгоҳаш дафн карда шуд. Соҳиби як фарзанди ноболиғ. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  17. Нурмуҳаммад (Атоев) Холзода, 32-сола. Дар деҳаи Ҳадишаҳр, ҷамоати Иван-тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Соли 2012 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, соли 2014 баъди адои хидмат дар шуъбаи Кумитаи амнияти миллӣ дар шаҳри Конибодом ба кор шуруъ кардааст. Оиладор соҳиби ду фарзанди ноболиғ. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
    Нурмуҳаммад Атоев (Холзода)
    Нурмуҳаммад Атоев (Холзода)
  18. Аловиддин Мирзоев, 36-сола, афсар. Дар муноқишаҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон кушта шуд. Сокини деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ. Падари се фарзанд. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ, Фейсбук)
    Аловиддин Мирзоев
    Аловиддин Мирзоев
  19. Мансурҷон Қаюмов, зодаи деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик, лейтенант.
    Мансурҷон Қаюмов
    Мансурҷон Қаюмов
  20. Шералӣ Раҳимзода, афсари нерӯҳои марзбонӣ. Зодаи деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз. (Манбаъ: Видеои ҷаноза аз Фейсбук, мақомоти расмӣ)
    Шералӣ Раҳимзода
    Шералӣ Раҳимзода
  21. Зикруллои Амрулло, 20-сола, сокини шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш. Қарор буд, баъди адои хидмати дусола ба хона баргардад. Дар зодгоҳаш ба хок супурда шуд.
  22. Бахтовар Мирзоев, 25-сола. Сокини ҷамоати деҳоти “Гулистон” и ноҳияи Левакант. (Манбаъ: Мақомоти ноҳияи Левакант)
    Бахтовар Мирзоев
    Бахтовар Мирзоев
  23. Муҳаммад, сокини шаҳраки Бахти ноҳияи Зафаробод. (Манбаъ: Ютуб)
  24. Шамсулло Ҳайдаров, 42-сола. Сокини деҳаи Тоҷикистон-2, ноҳияи Фархор. (Манбаъ: Раъно Раҳимзода, сардори идораи кор бо занони Хатлон)
  25. Меҳриддин Миралиев, аз деҳаи Тутои ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод. 39-сола ва афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон. (Манбаъ: Фейсбук)
    Меҳриддин Миралиев
    Меҳриддин Миралиев
  26. Ибодуллои Убайдулло, 31-сола, аз шаҳри Леваканди вилояти Хатлон. (Манбаъ: Фейсбук)
    Ибодуллои Убайдулло
    Ибодуллои Убайдулло
  27. Неъматуллои Раҳматулло, афсар аз маҳаллаи Энергетикаи шаҳри Норак. (Манбаъ: Фейсбук)
  28. Сабриддин Ҷумъаев, афсари нерӯҳои марзбонӣ, ки дар вилояти Суғд хидмат мекард. Зодаи деҳаи Қазноқ, ҷамоати Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт. Дар зодгоҳаш бо ҳузури мақомоти расмӣ дафн шудааст. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)
    Маросими видоъ бо Сабриддин Ҷумъаев дар Рашт
    Маросими видоъ бо Сабриддин Ҷумъаев дар Рашт
  29. Саидҷалол Расулзода, афсар, ноҳияи Восеъ. (Манбаъ: Ютуб)
  30. Фатҳиддин Ҷаъфарзода, сокини шаҳри Ваҳдат. (Манбаъ: Фейсбук)
  31. Сорбон Худойбердизода, 22-сола. Зодаи деҳаи Хишевакт, ҷамоати Ростровути ноҳияи Деваштич. Сорбон хатмкардаи Донишкадаи олии Нерӯҳои сарҳадии КДАМ дар шаҳри Исфара хидмат мекард. Зимни даргириҳои марзӣ 14-уми сентябр ҳалок шуд. (Манбаъ: Фейсбук)
    Сорбон Худойбердизода
    Сорбон Худойбердизода
  32. Абдураҳмон Нуров, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
  33. Муҳаммадҷон Пиров 29-уми апрели соли 1988 таваллуд шудааст. Оиладор соҳиби 3 фарзанд буд. Аз деҳаи Правдаи ҷамоати Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
    Муҳаммадҷон Пиров
    Муҳаммадҷон Пиров
  34. Ҷамшед Набиев, сокини маҳаллаи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат. Рӯзи 20-уми сентябр ба хок супурда шуд. Аз тири снайпер ба ҳалокат расидааст. Соҳиби ду фарзанд.
  35. Ибодулло Рӯзиев, 20-сола. Сокини деҳаи Дӯстии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Рӯзи 18-уми сентябр дар Исфара тир хӯрда, 19-уми сентябр даргузаштааст. (Манбаъ: Фейсбук ва хешовандонаш)
    Ибодулло Рӯзиев
    Ибодулло Рӯзиев
  36. Некрӯз Исломов, 19-сола аз ноҳияи Хуросон. Рӯзи 17-уми сентябр ҳангоми хидмат кушта шудааст. (Манбаъ: Фейсбук, мақомоти расмӣ)
    Некрӯз Исломов
    Некрӯз Исломов
  37. Аслан Менеқулов, 19-сола, сарбоз, шаҳри Бохтар. (Манбаъ: Мақомоти расмӣ)
    Аслан Менеқулов
    Аслан Менеқулов
  38. Набиҷон Аҳмедов, ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  39. Солеҳҷон Раҳимов, пизишки 45-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  40. Насриддин Ҳайдаров, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  41. Ғуломҷон Акбаров, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  42. Абдусалом Абдушукуров, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  43. Абдувосит Сатторов, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  44. Муҳаммадҷон Болтуев, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  45. Қирғизбой Қирғизбоев, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  46. Умедҷон Султонов, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  47. Каромат Зуҳурова (Сатторова), пизишк, ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
  48. Абдувоҳиди Абдуқаюм, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корманди Сарраёсати молияи вилояти Суғд
  49. Бишарифа Воҳидова, 8-сола, ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Рӯзи 16-уми сентябр кушта шудааст (Манбаъ: Идораи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров)
    Бишарифа Воҳидова
    Бишарифа Воҳидова
  50. Муродҷон Юсуфов, сокини ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара
  51. Мунаввархон Маҳмудова, 62-сола, сокини ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара
    Мунаввархон Маҳмудова
    Мунаввархон Маҳмудова
  52. Муҳайёхон Файёзова, 53-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
  53. Дилноза Баҳромзода, 29-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
  54. Садоқат Уктамзода, 25-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
  55. Асмоа Амриддинзода, 6-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
  56. Имрон Илҳомзода, 5-сола, ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
    Имрон ва Асмоа
    Имрон ва Асмоа
  57. Баҳром Ҳакимови 51-сола, муаллим, деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
    Баҳром Ҳакимов
    Баҳром Ҳакимов
  58. Камолиддин Ашӯров, пизишк, навбатдори “Ёрии таъҷилӣ”, ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара
    Камолиддин Ашӯров
    Камолиддин Ашӯров
  59. Ҳасанбой Валиев, ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ”, ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара
XS
SM
MD
LG