Ссылки доступа

Мурофиаи баста. Абдуллоҳ Ғурбатӣ даъвои се милисаро рад кардааст


Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, дар мурофиаи нахустини додгоҳӣ даъвои се маъмури милисаро рад кардааст. Кормандони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 21-уми сентябр шоҳидӣ додаанд, ки Ғурбатӣ ба онҳо ҳамла карду таҳқир намуд.

Ба сабаби баста будани мурофиа ҷузъиёт дастрас нест. Маълум нест, ки маъмурони милиса барои исботи даъвои худ ба додрас чӣ далеле додаанд.

Додрас Беҳрӯз Шафо аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ кард. Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов баъди мурофиа танҳо ҳаминро гуфт, ки «Абдуллоҳ Ғурбатӣ даъвои маъмурони милисаро напазируфт».

Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки дар як қисмати мурофиа иштирок дошт, мегӯяд, “рӯҳияи Абдуллоҳ хуб буд, вале каме лоғар шудааст.”

Ба мурофиаи нахустини Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ ва паси дарҳои баста гузашт, ба ҷуз аз ҳамсараш хешовандони дигари хабарнигорро роҳ надоданд.

Гулнора Шарифова, модари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ба умеди дидани писараш ба назди Боздоштгоҳи муваққатӣ омада буд. Ӯ гуфт, ба далели онки номаш дар рӯйхати шоҳидон нест, ба толори мурофиа роҳ надоданд. “Гуфтанд, имрӯз танҳо шоҳидонро мепурсанд. Ба тантанаи адолат боварӣ дорам,” -- афзуд Шарифова.

Гулнора Шарифова, модари Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди боздоштгоҳ
Гулнора Шарифова, модари Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди боздоштгоҳ

Ҳамзамон сабаби пушти дарҳои баста баргузор шудани мурофиаро на додрас ва на вакили мудофеъ шарҳ надоданд. Додрас мурофиаро ба рӯзи дигар монд, аммо санаи дақиқашро нагуфт.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол боздошт ва ба "таҳқири намояндаи ҳокимият", "истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият" ва "иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ" гумонбар шуд. Манобеи боварбахш мегӯянд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо низ ҳамаи иттиҳомҳоро рад кардааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон боздошти ӯ ва шаш хабарнигору блогери дигари тоҷикро дар чаҳор моҳи охир беасос номида, озодии онҳоро талаб карданд. Мақомот ҳанӯз ба ин даъватҳо посух надода, вале хабарнигорну блогеронро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои манмнуъ гумонбар донистанд.

Яке аз онҳо, Муҳаммади Султон (Мамадсултон Мавлоназаров), рӯзноманигор ва маъмури пешини амният, ба дар оғози моҳи сентябр ба 7 сол зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG