Ссылки доступа

Басиҷсозӣ дар Русия меҳмонхонаҳои Тошкандро сермуштарӣ кардааст


отель в Ташкенте

Ҳамаи билетҳои парвозҳои мустақим аз шаҳри Москва ба шаҳрҳои Боку, Тошканд ва Ереванд 21 сентябр баъди эъломи президенти Русия Владимир Путин дар бораи басиҷсозӣ харидорӣ шудаанд.

Нархи билети парвоз аз Москва ба Тошканд рӯзи 22 сентябр то ба 9 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст.

"Агар мехоҳед, аз фурудгоҳи "Внуково" ба Тошканд парвоз кунед, нархи билет 603 ҳазору 50 рубл аст. Довталабони сафар ба Тошканд хеле зиёд аст. Аз субҳ то ҳол беш аз 200 кас барои билет занг задааст", - изҳор дошт блогери узбек Фарҳод Темиртирнаков, ки дар Русия бо фурӯши билет машғул аст.

Арзиши хидматрасонӣ дар меҳмонхонаҳои шаҳри Тошканди Узбекистон ҳам якбора гаронтар шудааст. Дар баъзе аз меҳмонсаройҳо ҳуҷраҳои холӣ намондааст. Корманди яке аз меҳмонхонаҳои Тошканд дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, "ҳама ҳуҷраҳо то охири моҳи сентябри имсол фармоиш шудаанд".

Владимир Путин 21 сентябр фармон дар бораи басиҷсозии низомиро имзо кард. Бино ба фармони имзошуда, шаҳрвандоне басиҷ мешаванд, ки хидмати низомӣ кардаанд. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт, дар маҷмуъ 300 ҳазор низомӣ аз ҳисоби неруҳои захиравӣ басиҷ карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG