Дар 5 рӯзи охир қариб 6 ҳазор шаҳрванди Русия аз Қазоқистон тавассути фурудгоҳҳо ба кишварҳои дигар рафтаанд, хабар дод Аслан Аталиқов, як намояндаи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон.
Афзоиши сафари русиягиҳо ба Қазоқистон ба далели ҳамсоя будани Русия бо Қазоқистон аст, гуфтанд дар вазорати корҳои дохилии Қазоқистон.
То рӯзи 21 сентябри соли ҷорӣ ҳудуди 9/12 ҳазор русиягӣ ба Қазоқистон ворид ва аз он хориҷ мешуданд. Рӯзи 22 сентябр ин нишондод якбора ду баробар афзудааст.