Ссылки доступа

Қирғизистону Узбекистон ба имзои созишномаи нави марзӣ омодагӣ мебинанд


Ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Узбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории хати марзҳои давлатӣ 26 сентябр дар ҷаласаи навбатии худ санадеро имзо карданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон, санади имзошуда имкон медиҳад, ки расмиёти мувофиқаи лоиҳаи созишномаи нав дар бораи қитъаҳои алоҳидаи марзи ин кишвар бо Узбекистон оғоз шавад.

Санадро раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ва сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов имзо кардаанд.

Қирғизистону Узбекистон 1378 километр марзи муштарак доранд ва то ҳол 85 дарсад ё 1170 километри он муайян шудааст. Моҳи феврали соли 2021 хабар дода шуд, ки ҷонибҳо роҷеъ ба 13 дарсади боқӣ ба созиш расидаанд.

Расонаҳо моҳи августи имсол хабар доданд, ки Бишкек ва Тошканд тасмим доранд, то охири сол баҳсҳои марзиро ба поён расонанд.

XS
SM
MD
LG