Ссылки доступа

ИМА ва дигар кишварҳо пешниҳод доранд, сиёсати Чин нисбати мусалмонҳо дар Шӯрои СММ баррасӣ шавад


ИМА ва чанд кишвари дигари Ғарб пешниҳод доранд, ки сиёсати Чин нисбати мусалмонҳо дар Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон баррасӣ шавад.

Дипломатҳо гуфтанд, дархости ИМА, Канада, Бритониё, Дания, Финландия, Исландия, Норвегия ва Шветсия, дар сурати қабул шудан, талаб мекунад, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар оғози соли оянда ин масъала баррасӣ шавад.

"Мо наметавонем, вайроншавии пайваста ва ҷиддии ҳуқуқи инсонро нодида бигирем. Ин Шӯро наметавонад ва набояд хомӯш бошад", - гуфт сафири Бритониё дар СММ Саймон Мэнлӣ.

ИМА, баъди ошкор шудани далелҳои зиёди шиканҷа дар Чин, Пекинро дар наслкушӣ айбдор кард. Бештар аз 1 миллион одам ба "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" ирсол шудаанд. Поймолшавии густардаи ҳуқуқи сокинони Шинҷон бо далелҳои зиёде исбот шудааст.

Дар СММ гуфтанд, мақомоти Чин "ҷинояти зидди башарӣ анҷом медиҳанд".

XS
SM
MD
LG