Ссылки доступа

Вазорати мудофиаи Русия бозгардонии шаҳрвандони аз басиҷ фироркардаро талаб намекунад


Вазорати мудофиаи Русия ба ҳукуматҳои Қазоқистону Гурҷистон ва дигар кишварҳо барои баргардонии шаҳрвандони аз басиҷи низомӣ фироркарда муроҷиате накардааст ва тасмими муроҷиат низ надорад.

Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад.

Пештар аз ин вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод, русиягиҳои аз басиҷи низомӣ фироркарда, дар сурати дархости истирдодашон, ба Русия фирорстода мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки дар марзи Русия бо Гурҷистон рӯзи 27 сентябр нуктаи даъват ба артиши Русия таъсис шудааст. Ин иттилоъро дар ҳукумати Осетияи Шимолӣ тасдиқ карданд.

XS
SM
MD
LG