Ссылки доступа

Раиси вилояти Сурхандарёи Узбекистон муҷозот шудааст


Раиси вилояти Сурхандарёи Узбекистон Тӯра Боболов бо қарори президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев ҷарима шудааст.

Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов гуфт, раиси Сурхандарё барои "фаъолияти мухолиф ба сиёсати давлатӣ ва ислоҳоти ҷорӣ", "риоя накардани талабот ва таҳқири иштирокдорони ҷаласа", ки норозигии ҷомеаро ба бор овардааст, муҷозод карда шуд.

Охирҳои моҳи август дар интернет наворе нашр шуд, ки дар он раиси Сурхандарё додситони ноҳияи Ангор Сироҷиддин Рамазоновро дашном медиҳад. Он замон дар ҳукумати Сурхандарё тасдиқ карданд, ки дар навор Боболов суҳбат мекунад, вале афзуданд, ки суханҳои ӯ таҳриф шудааст.

Президенти Узбекистон 27 сентябр якбора раисони панҷ ноҳия - Асакин, Андиҷон, Пахтаобод, Фарғона ва Нурободро аз мақом барканор кард. Ба иттилои маркази матбуотии президенти Узбекистон, ин раисон ба далели риоя накардани ахлоқи роҳбарӣ аз мақом барканор шудаанд.

XS
SM
MD
LG