Ссылки доступа

Тоқаев қонун дар бораи бекорсозии ҷашни Рӯзи президенти нахустини Қазоқистонро имзо кард


Рӯзи президенти нахустини Қазоқистон расман аз тақвими ҷашнҳои давлатӣ берун карда шуд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти амалкунандаи Қазоқистон рӯзи 29 сентябр ҳамчунин қонунеро имзо кард, ки Рӯзи ҷумҳуриро ба тақвими ҷашнҳои он кишвар бармегардонад. Рӯзи ҷумҳурӣ дар замони роҳбарии Нурсултон Назарбоев бекор шуда буд.

25 октябри соли 1990 Эъломия дар бораи истиқлоли давлатии Қазоқистон қабул шуда буд. Рӯзи ҷумҳурӣ дар Қазоқистон аз соли 1992 то 2009 таҷлил мешуд.

Рӯзи президенти нахустини Қазоқистон камтар аз 10 сол ҷашни давлатӣ буд. Ин рӯз аз 1 декабри соли 2012 таҷлил мешуд. Акнун ин сана дар қатори "ҷашнҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ", мисли Рӯзи рамзҳои давлатӣ ва ё Рӯзи шукргузорӣ таҷлил мешавад. Рӯзи президенти нахустин дигар дар Қазоқистон истироҳатӣ нест.

XS
SM
MD
LG