Ссылки доступа

Вазири маорифи Қирғизистонро ба боздоштгоҳи Бишкек бурданд


Вазири маориф ва илми Қирғизистон Алмосбек Бейшеналиев барои 48 соат ба ҳабс гирифта шудааст. Ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Бишкек нигаҳдорӣ мешавад.

Хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, баъди ин муддат додгоҳ масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯро баррасӣ мекунад.

Манбаъ қаблан хабар дода буд, ки Бейшеналиев бо гумони тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир гаштааст.

"Зидди ӯ бо гумони гирифтани пора ба миқдори махсусан калон - 110 ҳазор доллар тафтишот оғоз шудааст. Барои дохил кардани донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳҳои ватанӣ пул гирифтаанд. Ҷузъиёти парванда баъди анҷоми тафтишот пурра пешниҳод мешавад", -омадааст дар хабари вазорат.

Бейшеналиев моҳи феврали имсол вазири маорифи Қирғизистон таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG