Ссылки доступа

Ҳизби мухолифи Қазоқистон бо номзади худ дар интихоботи президентӣ ширкат мекунад


Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон, ки худро мухолиф унвон мекунад, дар анҷумани рӯзи 1 октябр дар шаҳри Остонаи он кишвар Нурлан Ауесбоевро дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад кард.

Нурлан Ауесбоев 65 сол дорад. Вай зодаи ҷануби Қазоқистон аст ва маълумоти ҳуқуқшиносиву иқтисодшиносӣ дорад. То ин замон Ауесбоев ба фаъолиятҳои оммавӣ машғул набудааст ва дар мавриди вазъи иқтисодиву сиёсии кишвараш изҳоре ҳам надодааст.

Ауесбоев дувумин номзад дар интихоботи пешорӯи президентӣ дар Қазоқистон аст. Пештар аз вай Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд. Дайрабоев ҳам нафақахӯр ва барои ҷомеаи Қазоқистон ношинос аст.

Қосимҷомарт Тоқаеви 69-сола, президенти амалкунандаи Қазоқистон низ гуфт, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ номзад хоҳад шуд. Эҳтимол дорад, номзадии ӯро ҳизби ҳокими "Амонат" пешбарӣ кунад. Ин ҳизб рӯзи 6 октябр анҷуман дорад.

Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20 ноябр баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG