Ссылки доступа

Дар Қазоқистон пешбарии номзадҳо ба мақоми президентӣ идома доранд


Номзадии раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодии маҷмааи байналмилалии илмии Остона Майрам Кажикен аз сӯи Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи “Аманат” ба мақоми президентии Қазоқистон пешбарӣ шудааст.

Ба иттилои хабаргузории КазТАГ, тасмими пешбарии номзадии Кажикен дар анҷумани якҷояи кумитаҳои иттифоқҳои касаба гирифта шудааст. Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон дар бораи сабтиноми номзадии Кажикен то ҳол хабар надодааст.

Қаблан Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон, ки худро мухолиф унвон мекунад, дар анҷумани рӯзи 1 октябр дар шаҳри Остонаи он кишвар Нурлан Ауесбоевро дар интихоботи пешорӯи президентӣ номзад кард. Пештар аз вай Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд. Дайрабоев ҳам нафақахӯр ва барои ҷомеаи Қазоқистон ношинос аст.

Қосимҷомарт Тоқаеви 69-сола, президенти амалкунандаи Қазоқистон низ гуфт, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ номзад хоҳад шуд. Эҳтимол дорад, номзадии ӯро ҳизби ҳокими "Амонат" пешбарӣ кунад. Ин ҳизб рӯзи 6 октябр анҷуман дорад.

Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20 ноябр баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG