Ссылки доступа

Онҳое, ки аз Қрим ба Қазоқистон омадаанд, барои дарёфти ҳуҷҷат ба сафорати Украина муроҷиат карданд


Садҳо одам, ки аз Қрим, тавассути Русия ба Қазоқистон омадаанд, ба сафорати Украина дар Қазоқистон муроҷиат карданд. Бисёрии онҳо мехоҳанд, шиносномаи хориҷӣ дарёфт ва ба кишварҳои севум раванд.

Дар суҳбат бо расонаҳо сокинони Қрим гуфтанд, намехостанд, дар ҷанги Русия зидди Украина иштирок ва кушта шаванд. Басиҷи низомии Русия Қрими аз сӯи ин кишвар ишғолшударо низ низ фаро мегирад.

Консули Украина дар Қазоқистон Иван Алмашӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки сафорат "талош мекунад, ба ҳамаи онҳо кӯмак расонад".

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 21 сентябр фармони басиҷи низомиро имзо кард. Баъди эъломи басиҷи низомӣ ҳазорон шаҳрванди Русия ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Қазоқистон, Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон фирор карданд.

XS
SM
MD
LG