Ссылки доступа

Вакили мудофеъ хостааст, Абдуллоҳ Ғурбатиро озод кунанд


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе эълони ҳукми журналист Абдуллоҳ Ғурбатиро, ки бояд рӯзи 3-юми октябр содир мекард, ба таъхир гузошт.

Мақомот хабарнигорро ба зӯроварӣ нисбати маъмурони милиса ва узвият дар созмони ифротӣ айбдор мекунанд, вале худи ӯ гумонҳоро беасос медонад.

Мурофиаи рӯзноманигор дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе ва паси дарҳои баста сурат гирифт.

Ба иттилои Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқ, вакили мудофеи Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 3-юми октябр аз додрас хостааст, ӯро "сафед" ва аз толори додгоҳ озод кунад. Додситон рӯзи 29-уми сентябр ба ӯ 8 сол зиндон талаб карда буд.

Нахустин мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 21-уми сентябр баргузор шуд. Дар мурофиаи аввал се корманди Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур алайҳи Абдуллоҳ Ғурбатӣ шоҳидӣ доданд.

Маъмурони милиса даъво доранд, ки Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн дар бинои ШКД-и Шоҳмансур ба онҳо ҳамла ва таҳқир кардааст. Аммо ба гуфтаи ширкатдорони мурофиа, Ғурбатӣ даъвои кормандони милисаро беасос гуфтааст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июни имсол боздошт шуд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон ва баъзе рӯзноманигорону фаъолни шабкаҳои иҷтимоӣ боздошти ӯ ва шаш хабарнигору блогери дигари тоҷикро дар бештар аз чаҳор моҳи охир беасос номида, озодии онҳоро талаб карданд. Мақомот ҳанӯз ба ин даъватҳо посух надодааст.

XS
SM
MD
LG