Ссылки доступа

Туркманистон узви Созмони кишварҳои туркзабон мешавад


Туркманистон дар нахустин нишасти раҳбарони Созмони кишварҳои туркзабон (СКТ), ки қарор аст, 11 ноябри имсол дар шаҳри Самарқанди Узбекистон баргузор шавад, узви комилҳуқуқи ин созмон хоҳад шуд.

Дар ин бора Хабаргузории “Анадолу” бо истинод ба вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу иттилоъ додааст.

Дар Вазорати умури хориҷии Узбекистон тасдиқ карданд, ки нахустин мулоқоти раҳбарони СКТ 11 ноябри имсол дар Самарқанд баргузор мешавад.

СКТ моҳи октябри соли 2009 нахуст ҳамчун Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон таъсис ёфта, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия узви он буданд. Узбекистон дертар, соли 2018 омодагии худро барои шомил шудан ба шӯро баён карда, соли 2019 дар нишасти Боку узви он шуд.

Шӯро 12 ноябри соли 2021 дар нишасти Истамбул ба Созмони кишварҳои туркзабон табдили ном кард.

XS
SM
MD
LG