Ссылки доступа

Сафари беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Русия ба Қазоқистон


Вазири умури дохилии Қазоқистон Марат Ахмеджанов 4 октябр хабар дод, ки аз 21 сентябри имсол то ҳол ҳудуди 200 ҳазор шаҳрванди Русия вориди кишвари онҳо шудааст.

ВУД Қазоқистон 1 октябр гуфта буд, "аз 21 то 28 сентябр вуруди зиёди муҳоҷирон аз Русия ба ин кишвар сабт шудааст", ки назар ба ҳолати муқаррарӣ 2-3 маротиба бештар аст”. Тибқи иттилои вазорат, аз 21 то 27 сентябр 98 ҳазор нафар аз Русия вориди Қазоқистон шуда, 64 ҳазор кас ин кишварро тарк кардааст.

Манбаъ афзуда, ки вуруди шаҳрвандони Русия асосан ба вилоятҳои ҳаммарзи Қазоқистон бо он кишвар, аз ҷумла Қазоқистони Ғарбӣ, Оқтеппа, Костанай, Павлодар, Қазоқистони Шимолӣ, Қазоқистони Шарқӣ, Атирау ва Остонаву Алмато мушоҳида мешавад.

Пештар расонаҳо бо истинод ба мақомоти Қазоқистон хабар дода буданд, ки аз 21 сентябр то 2 октябри имсол беш аз 54 ҳазор шаҳрванди Русия тавассути гузаргоҳи марзии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ ворид шудааст ва 42 ҳазори онҳо мардони аз 18 то 52-сола ҳастанд.

XS
SM
MD
LG