Ссылки доступа

"Худаш афсурда, нохунҳояш сиёҳ шудаанд." Пирмуҳаммадзода иттиҳоми ифротгароиро "пазируфтааст"


Абдусаттор Пирмухаммадзода

Як манбаи наздик ба тафтишот хабар дод, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, "сахт шиканҷа шуда", зери фишори равонӣ иттиҳоми ифротгароиро пазируфтааст.

Манбаъ "афсурдагӣ ва дасту нохунҳои сиёҳшуда"-и ӯро намуна овард. Кӯшиши мо барои гирифтани шарҳи муфаттишон бенатиҷа буд. Пайвандонаш танҳо ҳаминро гуфтанд, ки муҳокимаи рӯзноманигор ҳафтаи оянда дар Додгоҳи ноҳияи Исомили Сомонӣ шуруъ хоҳад шуд ва мавзуъро онҷо мепурсанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ки дар гузашта дар радио ва телевизиони давлатӣ кор карда, солҳои охир ҳамчун блогер фаъол буд, моҳи июни имсол дастгир шуд. Вазорати корҳои дохилӣ ӯро ба ифротгароӣ муттаҳам кард. Ин иттиҳом аз 3 то 5 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

"Худаш дар бораи шиканҷа шудан гап намезанад. Дар сару рӯяш осори шиканҷа нест. Чанде пеш наздиконаш вохӯрӣ доштанд. Дар ин бора чизе нагуфт, чун ҳангоми суҳбат дар наздашон намояндаи расмӣ истода буд. Дар асл, бар асари шиканҷаи зиёд маҷбур шуд, зери парванда имзо гузорад," – гуфт манбаи мо, ки нахост номаш зикр шавад.

Тасдиқи ин гуфтаҳо аз манобеи расмӣ феълан имконпазир нест, чун мақомоти боздоштгоҳу муфаттишон суҳбат намекунанд. Дар гузашта наздикони баъзе аз дастгиршудаҳо аз шиканҷаи онҳо дар боздоштгоҳҳо шикоят карда буданд.

Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва вакили мудофеаш мегӯянд, дар бораи шиканҷа шудани ӯ чизе намедонанд, вале худиқрорияшро шубҳаовар меноманд.

Бародараш Абдукарим Пирмуҳаммадзода гуфт, ду мутахассиси Вазорати адлия дар хулосаашон навиштаанд, ки Абдусаттор "дар ифротгароӣ даст дорад". Як бахши ин баҳс, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ба "Эъломияи инқилоб", шеъри сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо, пайванд доштааст.

"Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери ин шеър, ки Иттифоқи нависандагон дар посухаш ба вакили мудофеъ ватандӯстона номид, лайк гузошта будааст. Дар он шеър калимаи “наҳзат” омадааст, вале на ба маънои ҳизби мамнӯи наҳзат, балки ҳаракат ё равона шудан. Аммо мақомот ҳамонро асос гирифтаанд," – нақл кард ӯ.

Бахши дигари баҳс, ба иддаои ҳамсуҳбати мо, ба баёнияҳои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар мавриди боздошти Далери Имомалӣ дахл доштааст: "Ӯ навишта, ки "Агар Далер ба муддати тӯлонӣ паси панҷара равад ҳам, барои мардум як намоди қаҳрамонӣ ва муборизи роҳи адолат ва симои журналистикаи нави тоҷик хоҳад буд. Ҳукумат бошад шарманда.” Мақомот ҳаминро ифротгароӣ гуфтаанд."

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори собиқи радиои "Садои Душанбе", моҳи ноябри соли 2020 ва баъди навораш дар рӯзи президент маъруф шуд. Он замон гуфта буд, аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои ҳангуфт ва баҳудаву беҳудаи нозирони роҳ ба дод омадааст.

Баъди он дар Ютуб саҳифае кушод ва ба шарҳи масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ пардохт.

Дар панҷ моҳи охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то ин дам яке аз онҳо ба ҳашт сол зиндон маҳкум шудааст. Чандин хабарнигори дигар мегӯянд, зери фишор ҳастанд, аз ҷумла телефону компютери онҳо мусодира гашта ва худашон ҳушдор гирифтаанд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки таъқиб ва таҳдиду фишорро ба хабарнигорон бас кунад. Мақомот посухе надодаанд.

XS
SM
MD
LG