Ссылки доступа

Аз президенти Қирғизистон талаб доранд, ба суолҳо дар бораи обанбори Кампиробод посух диҳад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 4 октябр дар робита ба обанбори Кампиробод бо сокинони ноҳияи Узгени ин кишвар мулоқот хоҳад кард.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ додааст, ки вохӯрӣ дар бинои ҳукумати вилояти Ӯш, ки Узген ба он шомил аст, баргузор хоҳад шуд. Тасмим гирифта шудааст, ки бо сокинони ноҳияи мазкур чаниндин вохӯрӣ анҷом дода шавад.

Даҳҳо сокини Узген, ки дар назди бинои ҳукумати маҳаллӣ ҷамъ шудаанд, талаб доранд, вохӯрӣ бо президент боз баргузор шавад, то онҳо ба ҳама суолҳои худ дар бораи обанбор посух бигиранд. Бархе аз онҳо аз президенти Қирғизистон талаб кардаанд, ки ба кӯча баромада, ба суоли сокинон ҷавоб диҳад.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон то ҳол дар бораи ин сафари Ҷабборов ба Узген иттилое нашр накардааст.

Сокинони ноҳияи Узген рӯзи 21 апрел эълом карданд, ки ба далели додани 50 га замини ҳудуди обанбори Кампиробод ба Узбекистон, ба иқдоми эътирозии бемуҳлат даст мезананд. Онҳо талаб карданд, ки санади табодули замин бо Узбекистон бекор карда шавад.

Ҷониби Қирғизистон моҳи марти имсол хабар дод, ки бо Узбекистон ҳамаи масоили баҳсии марзиро "сад дарсад" ҳал кардааст. Он замон раиси Кумитаи амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки байни ду кишвар қитъаи баҳсӣ боқӣ намондааст.

XS
SM
MD
LG