Ссылки доступа

Мулоқоти "хеле эҳсосӣ"-и сокинони Қирғизистон бо президент Содир Ҷабборов


Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон дар мулоқоти президенти он кишвар Содир Ҷабборов бо сокинони ноҳияи Узгени вилояти Ӯш рӯзи 4 октябр ширкат карданд.

Жанарбек Оқоев, вакили порлумон гуфт, мулоқоти президент бо сокинон "хеле эҳсосӣ" буд.

"Президент ва раиси КДАМ дар бораи вазъ марзи Қирғизистон бо Узбекистон иттилои муфассал доданд ва сокинон суол карданд. Гуфта шуд, ки дар асоси харитаи соли 1965 бархе аз қитъаҳо ба Узбекистон тааллуқ дорад, аммо дар натиҷаи гуфтугӯҳо ҳама масъалаҳо ҳал шуд ва Қирғизистон чизеро аз даст надодааст. Дар мавриди обанбори Кампиробод гуфта шуд, ки ҳам об ҳам замин аз мост. Бархеҳо ба ҳарфҳои президент бовар карданд, бархеи дигар не", - гуфт Оқоев.

Вакили дигар Адахон Мадумаров, ки низ дар мулоқот ширкат кардааст, гуфт, "обанбори Кампиробод ба Узбекистон дода шудааст".

"Бештар аз 4 ҳазор ҳектар дода шуд, гуфтанд, ки ҳанӯз дар соли 1965 барои ин ба мо ҷуброн пардохт шудааст. Аз ҳамин хотир чунин ҷамъомадҳо бояд шаффоф баргузор шаванд", - гуфт вакил.

Дар мавриди созиш бо Узбекистон оид ба обанбори Кампирободи вилояти Ӯш мақомоти расмии Қирғизистон хабаре намедиҳанд.

Рӯзи 4 октябр президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сокинони ноҳияи Узгени вилояти Ӯши кишвараш мулоқот кард. Хабар дода мешавад, ки бархе аз сокинон гирдиҳамоӣ ташкил ва талаби мулоқоти боз бо ҳамаи сокинони ноҳияро карданд. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ки обанбори Кампиробод ба Узбекистон дода нашавад.

Моҳи марти соли ҷорӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, дарғот ё садди обанбор таҳти назорати ҷониби Узбекистон қарор мегирад, аммо захираи обро ҷонибҳо муштаракан истифода мекунанд. Баъди ин изҳорот сокинони Қирғизистон борҳо талаби бекорсозии тасмими мазкурро карданд.

XS
SM
MD
LG