Ссылки доступа

Номзадии Тоқаев ба мақоми президентии Қазоқистон пешниҳод шуд


Раҳбари Ҳизби "Амонат" ва раиси порлумони Қазоқистон Ерлан Кошанов дар ҷаласаи анҷумани ғайринавбатии ҳизбӣ, ки рӯзи 6 октябр дар шаҳри Остона баргузор шуд, пешниҳод кард, номзадии раисҷумҳури кунунӣ Қосимҷомарт Тоқаев ба мақоми президентӣ дар интихобот дубора пешбарӣ карда шавад.

"Ин интихобот самтҳои рушди Қазоқистони одилро муайян хоҳад кард. Дар ин интихобот мардум тақдири кишвар ва ояндаи онро ба номзади худ бовар мекунонанд. Барои мо номзади аз ҳама сазовор Қосимҷомарт Тоқаев аст. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки пешниҳодро дастгирӣ кунед", - гуфт Кошанов дар муроҷиат ба иштирокдорони анҷуман.

Кошанов ҳамчунин афзуд, “мо аллакай роҳбаре дорем, ки бо ӯ ҳама нақшаҳои худро амалӣ созем ва аз масири баргузида берун наравем”.

Худи Тоқаев қаблан низ гуфта буд, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ номзад хоҳад шуд.

Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20 ноябри имсол баргузор хоҳад шуд. То ҳол номзадии раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодии маҷмааи байналмилалии илмии Остона Майрам Кажикен аз сӯи Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи “Аманат”, Нурлан Ауесбоев аз ҷониби Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон, ки худро мухолиф унвон мекунад ва Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" ба мақоми президентӣ пешбарӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG