Ссылки доступа

Шаҳрдори Тирмиз баъди фармони барканорияш боздошт шуд


​​​​​​​Шаҳрдори Тирмизи вилояти Сурхандарёи Узбекистон Исроил Худойбердиев, ки 21 сентябри имсол аз мақом барканор гашт, бо гумони азхудкунии пулҳои буҷа дастгир шудааст.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ бо истинод ба манбаи худ дар шаҳрдории Тирмиз хабар дода, ки зидди шаҳрдори ҳамакнун собиқ Исроил Худойбердиев ва муовини ӯ Ғайрат Эламанов бо банди “Дуздӣ ё азхудкунии пулҳои буҷаи давлат” парванда боз кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, парванда дар робита ба сохтмони бозори “Яшил дунё” дар маркази Тирмиз боз гаштааст. Ин бозори маҳсулоти ғизоӣ ду сол пеш мавриди истифода қарор гирифта буд.

Мақомоти интизомии узбек гуфтанд, дар сохтмони бозор, ки арзиши умумии он 14 млрд ва 800 млн сӯм аст, пулҳои зиёди буҷа ғайриқонунӣ сарф карда шудааст.

Исроил Худойбердиев аз соли 2017 то 21 сентябри имсол шаҳрдори Тирмиз буд. Боздошти ӯ дар пасманзари барканории беш аз даҳ раиси шаҳру ноҳия сурат мегирад. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар давоми даҳ рӯзи ахир 14 раиси шаҳру ноҳияи он кишварро барканор кард.

XS
SM
MD
LG