Ссылки доступа

Муҳокимаи 68 зиндонӣ. Нақшаи ошӯби "Ҷамоати Муваҳиддин" дар зиндони Хуҷанд?


Муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи беш аз 60 маҳбуси яке аз зиндонҳои шаҳри Хуҷандро ба иттиҳоми омодагӣ ба “ошӯб” ва “қасди куштори кормандони муассисаи ислоҳии рақами 3” анҷом додаанд. Вале на онҳо ва на мақомоти дигари Тоҷикистон дар ин бора расман хабар намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки 68 маҳбуси муассиса боздошт ва ба зиндонҳои дигар гузаронда шуданд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ин маҳбусон мехостанд, ба нишони “шуҷоати мазҳабии худ” шӯриш бардоранд ва омодаи марг буданд, аммо ин ақида ҳам ҷой дорад, ки онҳо вазъи худро дар маҳбас тоқатфарсо медонистанд.

Дақиқ нест, нақшаи шӯриш кай кашида шудааст, лекин қарор будааст, ки аввали моҳи августи имсол амалӣ гардад. Дар охирҳои моҳи июл мақомоти зиндон аз ин нақша огоҳ шудаанд. Яке аз аъзои даста ин сирро ба онҳо расондааст.

Бино бар гуфтаи баъзе аз кормандони маҳбас, онҳое, ки қасди ошӯб доштанд, “бо гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнуъ, аз ҷумла “Ҷамоати Муваҳиддин”, созмони наздик ба ДОИШ, ба солҳои гуногун маҳкум шуда буданд.”

Тасвири мақомот аз ин ҳодиса чунин аст, ки гуё ин гурӯҳ зери раҳбарии Азизбек Мирзоев, сокини ноҳияи Шаҳринав, ки бо ҷурми узвият дар созмони террористӣ дар зиндон қарор дошт, ба “ошуб” омодагӣ медиданд. Раҳбар ё “Амир”-и гурӯҳ, ба гуфтаи мақомот, Мирзоев будааст.

“Аъзои ин гурӯҳ ҳамчун рамзи шинохти ҳампаймонҳо дар пешонии худ “давраи сиёҳ” кашида ва ба “Амир”-и худ Азизбек Мирзоев бо шиори “Дӯстӣ барои Худо, душманӣ барои Худо, барои якдигар содиқ мемонем, лозим шавад дигаронро ба қатл мерасонем” байъат мекунанд,” -- гуфт як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Аммо Наҷмиддин Хоҷаабдуллоев, маҳбуси пешини зиндони Хуҷанд, ки рӯзи 3-юми август озод шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, “хабаре аз ошӯб надошт.”

Ӯ афзуд: “Мақомоти прокуратура маро даъват карда, пурсиданд, ки аз нақшаи ошӯб хабар доштӣ? Гуфтам, намедонам, хабар надоштам. Шаш сол зиндонӣ будам ва қариб се солашро дар маҳбаси Хуҷанд гузарондам. Дар дохили маҳбас дар бораи нақшаи ошӯб чизеро нашунида будам. Ба мақомот низ ҳаминро гуфтам.”

Вале як манбаъи наздик ба идораи зиндонҳои Тоҷикистон номи ошӯбгарони эҳтимолиро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт. Бино бар он зиёда аз даҳ нафаре, ки узви ин гурӯҳ номида мешаванд, афроде ҳастанд, ки ба иттиҳоми ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд.

Барои намуна, дар ин гурӯҳ номи Сафармуҳаммад Абдуназарзода, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳаст, ки соли 2018 дар марз бо Афғонистон боздошт шуд ва ба гуфтаи мақомот, талоши пайвастан ба ДОИШ дар кишвари ҳамсояро дошт.

Ҳарчанд манбаъҳои наздик ба тафтишот муътақиданд, ки ин гурӯҳ талоши ошӯб дошт, манобеи дигар ба ин фарзия бо шубҳа менигаранд. Ба гуфтаи онҳо, ба ҷуз шаҳодати худи маҳбусон дигаре далеле барои инки онҳо ба ошӯб ва қатли зиндонбонҳо омода мешуданд, мавҷуд нест.

Манбаи дигари Радиои Озодӣ гуфт, ин гумон ҳам дар рафти тафтиш садо дод, ки эҳтимол ошкор шудани “нақшаи ошӯб” сохтакорӣ ба хотири мансаб гирифтани баъзе кормандони муассисаи ислоҳӣ бошад.

Дақиқ нест, сардори муассисаи ислоҳии 3/3 Аҳмадзод Исматуллоҳ Шукруллоҳ кай ба мақомоти тафтишотӣ аз нақшаи шӯриш хабар додааст. Аллакай рӯзи 4-уми август бо имзои сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноии Додситони кулли Тоҷикистон Ф.Б.Бобохонзода (писари собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов) нисбати афроди рӯйхати пешниҳодшуда аз рӯи

  • моддаи 187, қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ)
  • моддаи 307, иловаи 3, қисми 2 (Ширкат дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои мамнуъ)

парванда боз шуд.

“Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ аз гумонбарон ягон далели шайъӣ ё асноди тасдиқкунанда наёфтаанд. Аксари гумонбарон, ҳангоми бозпурсӣ исрор варзидаанд, ки онҳо дар натиҷаи шиканҷа ва осеби сахти равонӣ дар дохили боздоштгоҳ ин айбро ба гардан гирифтаанд,”--гуфт як ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ, ки аз ҷараёни тафтиши парванда огоҳӣ дорад.

Бо ин вуҷуд, афроди наздик ба парванда муътақиданд, ки нақшаи ошӯб комилан ошкор шудааст ва онҳо баъзе олотеро ба мисли корду оҳан пайдо карданд. Санҷиши ҳақиқати ин гуфтаи муфаттишон имкон надорад.

Ошӯб дар зиндонҳои Тоҷикистон хабари нав нест. 8-уми ноябри соли 2018 дар зиндони шаҳри Хуҷанд чунин ошӯбе сар зад, ки дар он беш аз 20 нафар, аз ҷумла ду зиндонбон кушта шуданд.

Моҳи майи соли 2019 шӯриши дигар дар зиндони Ваҳдат рӯй дод, ки дар он 32 нафар, аз ҷумла се зиндонбон ба ҳалокат расиданд. Гуруҳи ДОИШ масъулият ин ошӯбро бар дӯш гирифт.

Ба ақидаи коршиносон, ифротгароён ва пайравони ДОИШ бо ғояҳои ҷиҳод ва кушта шудан дар роҳи Худо метавонанд дар зиндонҳо ошӯбҳои хунин бапо кунанд. Ҳанӯз ислоҳоти низоми зиндон ба ислоҳи зеҳни онҳо бо пешниҳоди андешаи беҳтар ва қавитар муваффақ намешавад ва дар ин самт кори ҷиддӣ низ бурда намешавад. Ҳукмҳои тӯлонӣ, шароити сахти зиндон ва таҳқиру шиканҷа андешаҳои ифротии онҳоро қавитар мекунад.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, парвандаи беш аз 60 нафари муттаҳам ба “қасди ошӯб” дар зиндони Хуҷанд бо иттиҳоми “ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ”, “зархаридӣ”, “даъват ба сарнагунии сохти конститутсионӣ бо роҳи зӯр” тафтиш шудааст.

“Муҳлати ҷазои ин нафарон аз 1 то беш аз 20 сол монда буд. Дар сурати тасдиқ шудани иттиҳоми нав аз сӯи додгоҳ, аксари онҳо эҳтимол то сӣ соли дигар зиндонӣ шаванд,” -- гуфт як ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG