Ссылки доступа

Дар Санкт-Петербург 27 қирғизистонӣ заҳролуд шуданд


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 27 шаҳрванди Қирғизистон бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Аз вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтанд, ин 27 тан муҳоҷири корӣ буданд ва аз ғизое заҳролуд шудаанд, ки ширкати сохтмонӣ ба онҳо медод.

"Вазъи онҳо қаноатбахш унвон мешавад. Мақомоти Русия таҳқиқи ҳодисаро шуруъ кардаанд", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Бино ба иттилои расмӣ, бештар аз 1 миллион муҳоҷири корӣ аз Қирғизистон дар Русия қарор доранд.

XS
SM
MD
LG