Ссылки доступа

Дипломатҳо барои ҳимояти хабарнигорони тоҷик рафтаанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дипломатҳо барои ҳимояти хабарнигорони тоҷик рафтаанд. Як ҳайат аз Созмони Амният Ва Ҳамкории Аврупо барои баррасии вазъи озодии матбуот ба Тоҷикистон сафар кардааст. Сафар ҳам дар замоне сурат мегирад, ки чанд хабарнигор дар Тоҷикистон боздошт шудаанд ва додгоҳҳо онҳоро яке паси дигар ба зиндон маҳкум мекунад. (видео)

- Беш аз 60 касро барои нақшаи ошӯб муҳокима мекунанд.​ Муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи беш аз 60 маҳбуси яке аз зиндонҳои шаҳри Хуҷандро ба иттиҳоми омодагӣ ба “ошӯб” ва “қасди куштори кормандони муассисаи ислоҳии рақами 3” анҷом додаанд. Вале на онҳо ва на мақомоти дигари Тоҷикистон дар ин бора расман хабар намедиҳанд. (видео)

- Чӣ қадар пул бигиранд, ки маъмурони гумрук мусодира накунанд? Пас аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо 91 ҳазор доллар ва беш аз 15 ҳазор евро дар фурудгоҳи Кишинёв, чанде аз корбарон пурсидаанд, ки ҳангоми сафар бо худ чӣ қадар пул бигиранд, то ба дарди сар науфтанд. Шарҳ дар видеост. (видео)

- Дар Варшава аз мушкили хабарнигорони тоҷик гуфтанд. Дар арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава аз фишорҳои афзоянда ба хабарнигорону блогнависон дар Тоҷикистон гуфтанд. Баъзе аз рӯзноманигорон аз мушкилу фишорҳое қисса карданд, ки ба сари онҳо ва хонаводаашон омадааст. Намояндагони мақомот дар нишаст набуданд. (видео)

- Гузориш аз шаҳри Алмато дар бораи фирори русиягиҳо аз басиҷсозӣ (видео)

- Сиёсатшинос Андрей Казантсе – дар бораи рафтори русиягиҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (видео)

- Зарбаи мушакӣ ба корвони башарӣ дар вилояти Запорожеи Украина: 25 кушта, бештар аз 50 захмӣ (видео)

- Дар Лимани Украина чӣ мегузарад. Артиши Русия дар шаҳри Лимани Украина ба муҳосира афтод. Дар ин бора ба Настоящее Время Тарас Березоветс хабар дод, ки дар самти мазкур меҷангад. Неруҳои Украина шаҳрро ба муҳосира гирифтанд (видео)

- Зани украин бо марди русиягӣ издивоҷ кард ва ҳарду аз ҷанг тавассути Қазоқистон фирор мекунанд (видео)

- Дар Балҷувон ба зудӣ бензин истеҳсол мекунанд? Дар ноҳияи Балҷувон пас аз солҳо истихроҷи нафтро дигарбора аз сар гирифтанд. Дар замони шӯравӣ аз ин минтақа ҳазорон тонна нафту газ истихроҷ мекарданд. Ҳоло конҳои нафти Балҷувон дар кадом вазъ қарор дорад? (видео)

- Дар муноқиша дар марз тақрибан 10 масҷидро "задаанд". Дар даргириҳои 14-17-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан даҳ масҷидро дар ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров нишон гирифтаанд. Ҷониби Қирғизистон қазияро шарҳ надодааст. Сокинон мегӯянд, масҷид дар Исфара маҳалли серодам аст ва шояд ҳадафмандона зери ҳамла монда (видео)

- "Ба ғайр аз либоси танам дигар ҳеч чиз намонд". Дар муноқиша дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон даҳҳо сокини деҳаи Сомониёни Исфара захираи маводи ғизоии худро аз даст додаанд. Хонаҳои баъзе аз онҳо ба тамом сӯхта шу бар асари тирпарронӣ сухтаанд ва бархеи дигарро афроди ношинос оташ задаанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG