Ссылки доступа

Дар як гузаргоҳи марзии Қирғизистону Узбекистон маҳдудият ҷорӣ шуд


Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 7 октябр хабар дод, ки дар робита ба сафари шаҳрвандони ин кишвар ба Узбекистон тавассути гузаргоҳи марзии “Достук” маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Манбаъ афзуда, ки ин маҳдудият ба далели идома доштани корҳои бозсозӣ ва сохтмонӣ дар гузаргоҳи марзии Қирғизистону Узбекистон ҷорӣ гаштааст. Эҳтимол меравад, ҷамъшавии мусофирон ба миён ояд.

Хадамот аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки тасмимро дуруст дарк кунанд.

XS
SM
MD
LG