Ссылки доступа

Ҷабборов: 99%-и баҳсҳои марзӣ ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо хабаргузории давлатии "Кабар"-и он кишвар дар робита ба гуфтугӯҳо дар бораи таъйин ва аломатгузории марзҳо суҳбат кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, 99 дарсади баҳсҳои марзӣ ба нафъи Қирғизистон ҳал шудааст. “Тамоми минтақаҳое, ки қаблан баҳсбарангез буданд, ҳоло ба Қирғизистон дода шудаанд. 99 дарсад ба нафъи мо ҳал мешавад. Барои ноил шудан ба ин гуфтугӯҳо ва корҳои бисёр анҷом дода шудааст. Мо то ба имзо расидани шартномаҳо ҷузъиётро ифшо накардем. Аммо имруз ман дастур додам, ки масъала дар кумитаи порлумон ошкоро баррасӣ шавад. Бовар дорам, ки мардум вақте ҳама чизро бо чашми худ мебинанд, барои мо кафкӯбӣ мекунанд”, - гуфт Ҷабборов.

Рӯзи 4 октябр президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сокинони ноҳияи Узгени вилояти Ӯши кишвараш мулоқот кард. Хабар дода мешавад, ки бархе аз сокинон гирдиҳамоӣ ташкил ва талаби мулоқоти боз бо ҳамаи сокинони ноҳияро карданд. Онҳо ҳамчунин талаб карданд, ки обанбори Кампиробод ба Узбекистон дода нашавад.

Моҳи марти соли ҷорӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, дарғот ё садди обанбор таҳти назорати ҷониби Узбекистон қарор мегирад, аммо захираи обро ҷонибҳо муштаракан истифода мекунанд. Баъди ин изҳорот сокинони Қирғизистон борҳо талаби бекорсозии тасмими мазкурро карданд.

XS
SM
MD
LG