Ссылки доступа

Додситонии кулл гуфт, баъди нооромиҳои Рӯшон 77 касро ҷазо доданд


Хорог. 16 июня 2022

Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки баъди тазоҳуроти маргбор ва нооромиҳо дар Бадахшон дар тобистони имсол 77 нафар “ҷазои сазовор” гирифтанд ва айни замон парвандаҳои даҳҳо нафари дигар дар додгоҳ қарор дорад.

Манзури додситонӣ аз “ҷазои сазовор” маълум нест, аммо баъди ин ҳодисаҳо даҳҳо нафар аз ҷумла генерали собиқи нерӯҳои марзбонӣ Холбаш Холбашов ва чанд блогери бадахшонӣ ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуданд.

Дар як баёнияи расмӣ, ки дар вебсайти додситонӣ шоми 7-уми октябр нашр шуд, омадааст, дар умум баъди ин нооромиҳо ба зидди 109 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки “дар натиҷа ба 77 нафар дар асоси ҳукмҳои судӣ ҷазои сазовор таъин карда шуда, нисбат ба 32 нафари дигар парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасии судӣ (додгоҳӣ) қарор доранд.”

Ҳомиёни ҳуқуқ ва наздиконашон мегӯянд, даҳҳо нафаре, ки баъди ин ҳодисаҳо ба солҳои тулонии зиндон маҳкум шудаанд, гуноҳе надоранд ва барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ва сокинони Бадахшон садо баланд кардаанд.

Баъди як тазоҳуроти олуда бо хушунат дар Бадахшон ҳукумати Тоҷикистон ба Хоруғ нерӯҳои махсусро фиристод, то ба гуфтаи мақомот амалиёти “зиддитеррористӣ” анҷом диҳанд.

Дар натиҷа рӯзи 18-уми май ҳангоми пароканда кардани гуруҳе аз сокинони ноҳияи Рӯшон, ки роҳи Душанбе-Хоруғро баста буданд, чандин нафар куштаву захмӣ шуданд. Сокинон мегӯянд, барои ҳимояти ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун солҳои ахир фишору таъқиби сокинони вилоят бахусус дар шаҳри Хоруғ маркази Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ зиёд шуд.

Баъди ин ҳодисаҳо созмонҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла Гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар умури ақаллиятҳои миллӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба саркӯби ақаллияти помирӣ дар Бадахшон хотима диҳад.

Тазоҳурот дар моҳи май бо талаби ҷазо додани мақомоти интизомие бархост, ки ба гуфтаи сокинон Гулбиддин Зиёбеков, як сокини вилоятро бегуноҳ куштанд. Додситонӣ мегӯяд, ки Зиёбеков ба гаравгонгирӣ, барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешуд ва ҳангоми муқовимат ба нерӯҳои интизомӣ кушта шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки барои ширкат дар тазоҳурот ҳамчунин 89 нафарро барои “майдаавбошӣ ва бетартибиҳои оммавӣ” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд.

Додситонӣ омори талафот дар байни неруҳои интизомиро 3 нафар гуфта ва эълон кардааст, ки дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзи 18-уми май як афсар кушта ва 6 каси дигар захм бардоштаанд. Додситонӣ тазоҳургарон ва аъзои “гуруҳҳои ҷиноӣ”-ро ба латукӯби маъмурони милиса ва ғарқ кардану куштани ду нафари онҳо муттаҳам кардааст.

Додситонӣ гуфтааст, ки дар рӯзи тазоҳуроти маргбор дар ноҳияи Рӯшон дар рӯзи 18-уми май дар умум 29 нафар узви “гуруҳҳои ҷиноӣ”-ро “безарар” ва ё маҳв карданд, ҳарчанд сокинони вилоят аз талафоти бештар дар байни мардум гуфтаанд. Ба қавли додситонӣ, ҳадафи тазоҳургарон ва “гуруҳҳои ҷиноӣ” ғасби ҳокимият будааст.

Баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон вокуниш ба ҳузури намояндагони мухолифони давлат дар нишасти арзёбии ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшава аст, ки аз рӯзи 27-уми сентябр то 7-уми октябр идома кард.

Дар ин нишаст, ки ҳукумати Тоҷикистон онро таҳрим кард ва касеро барои суханронӣ нафиристод, ҳомиёни ҳуқуқ, намояндагони ҷомеаи маданӣ ва раҳбарони Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, аҳволи ногувори хабарнигорон, ҳуқуқи аққалиятҳо аз ҷумла зодагони Бадахшон сухан гуфтанд.

Додситонии кулл суханрониҳои Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзат, Алим Шерзамонов, яке аз раҳбарони Паймони миллии Тоҷикистон, намояндагони “Гуруҳи 24”, як созмони дигари мухолифи давлатро ба дурӯғпароканӣ ва нашри иттилои ғаразмандона ва бо ҳадафи бадном сохтани Тоҷикистон муттаҳам карда ва Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамоновро аз тарҳрезони тазоҳуроту нооромӣ дар баҳор ва тобистони имсол дар Бадахшон номидааст. Иддаое, ки ҳарду пучу беасос номида ва пайваста рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG